Байни меҳмонон сайёҳат тавассути чархбол дар Исроил бисёр маъмул аст. Кишвар, аз рӯи масоҳат кучак буда, бо назардошти майлу рағбат тамошои пурраи он дар давоми як рӯз имконпазир мебошад. Меҳмонон метавонанд ҳар чаҳор баҳр, биёбонҳо, боғҳо, ҷангалзорҳо, шаҳрҳо ва ҷойҳои тамошобоби он боздид намоянд.
Киштии ҳавоӣ сайругаштро хотирмон ва ҷолиб намуда, эҳсосоти дилангезу нотакрор мебахшад. Дар мавриди фармоиши хатсайр аз ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) натанҳо дар самои зебогии нотакрор «бо насими форам» парвоз мекунед, балки бо таваққуф дар мавзеҳои дилписанд ва сайругашти пиёда истироҳати худро хотирмон менамоед.
Хатсайрҳои инфиродӣ
Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) зимни матлаби мизоҷон хатсайрҳои инфиродӣ тавассути чархбол дар Исроил-ро пешкаш менамояд. Яъне, Шумо ба миқдори зарурии мусофирон чархболро ба иҷора гирифта, хатсайр ва макони фурудоиро муайян менамоед ё барномаи тайёр, ки аз ҷониби менеҷери ширкат манзури Шумо мешавад, интихоб карда, ба мавзеҳое, ки аз ҳама зиёд дидан мехостед, парвоз менамоед. Дар ҳолати зарурият, мо мушоиати роҳбалад, ки бо забони модарии Шумо муошират мекунад, пешниҳод менамоем. Сайёҳати ҳавоӣ барои пайвандонатон ба тӯҳфаи хотирмон табдил ёфта, ба истироҳати Шумо зебогӣ мебахшад.
Баъзан, мизоҷони AVIAV TM (Cofrance SARL) ба тартиб додани хатсайрҳои инфиродӣ таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд. Ба осонӣ маконҳое, ки дидан мехоҳед номбар кунед: тамошои Баҳри Мурда, Байт-ул-Муқаддас, кӯҳҳои Зайтун ва Маъбад, Иерусалими муосир, саҳрои Иудея, сипас фуруд омада қалъаи Масадро тамошо намоед.
Мо чунин сайёҳатро «аз оғоз то интиҳо» ташкил карда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки барои ҳамаи мусофирон бофароғат гузарад:
- ташкили интиқолаз меҳмонхона,
- пешкаши роҳбалади соҳибтаҷриба,
- таъмини хӯрока ва вақтхушӣ,
- нигаҳдории ҳуҷра дар меҳмонхонаи макони сафар,
- иҷрои хоҳишҳои инфиродӣ.
Намунаҳои хатсайрҳои тайёр тавассути чархбол дар Исроил
Акнун барномаҳои тайёр ва аз ҳама ҷолиби сайругашт тавассути чархбол дар Исроилро дида мебароем. Яке аз вариантҳои машҳур – ин парвоз ба кӯли Кинерет тавассути Назарет аз канори соҳили Баҳри Миёназамин мебошад. Дар роҳ Шуморо ёдгориҳои таърихӣ: бандари Кесари, ҳафриёти Армагеддон, Водии Исроил, кӯҳҳои Масъуд ва Табге интизор ҳастанд. Дар идома, Шумо мафтуни манзараи беҳамто дар канори харсанги Арбел гардед, метавонед дар Капернаум фуруд омада, ба калисо дароед, сипас хӯроки нисфирӯзиро истеъмол намоед. Дар бозгашт Шумо аз намудҳои ҷолиби Баҳри Миёназамин ва кӯҳҳои Гилбоа тамошо кунед.
Аксарияти сайёҳон майли тамошои пойтахтро доранд ва амалӣ кардани он мушкилӣ надорад, агар тавассути брокери ширкати ҳавоии AVIAV TM (Cofrance SARL) иҷораи чархбол дар Исроил-ро анҷом диҳед.
Дар воқеъ, маҳаллаҳои шаҳри қадимро аз канор тамошо кардан имконпазир аст, чунки парвозҳо аз болои иншоотҳои таърихӣ дар ин ҷо манъ аст. Аммо ҳамин ҳам барои бардоштани тасаввурот дар бораи онҳо кифоя буда, дар идома Шумо метавонед аз минтақаҳои муосири истиқоматии Иерусалим ошногӣ пайдо намоед. Сипас, киштии ҳавоӣ ба сӯи Биёбони Иудея парвоз карда, Шуморо бо манзараи нотакрор, ғорҳои Қумрон, мамнӯъгоҳи миллӣ, Боғи Эйн Геди, Дайри Латрунсий, ки дар он роҳибони ангурпарвари беҳамто зиндагӣ мекунанд ва дар интиҳо, бо Тел-Авиви боҳашамат шинос менамоянд. Ин аст хатсайри муқаррарӣ, ки ба аксарияти сайёҳон писанд омадааст. Метавонед дар канори Баҳри Мурда таваққуф намуда, аксбардорӣ кунед.
Баъзе сайёҳон парвоз ба Капернаумро интихоб мекунанд. Ба хотири он, ки дар он макон таваққуф карда, аз ҷойҳои таърихӣ аксбардорӣ намоянд. Сипас, чархбол ба Теппаҳои Голан парвоз мекунад ва роҳбалад ҷанг байни Исроил ва Сурияро бофасоҳат нақл менамояд. Манзараҳои аҷоиби Баҳри Галилей тасаввуроти беназир гузошта, тамошои Водии Ӯрдун қалби Шуморо бедор хоҳад кард. Таваққуф назди Қалъаи Масад, дар канори Боғи Эйн-Геди ё Тел-Авиви зебо имконпазир аст. Шумо метавонед сайёҳати худро бо чашидани шаробҳо дар Шато-Голан, ки дар он ҷо ғайр аз нӯшокиҳои нотакрор, ба Шумо хӯроки нисфирӯзии болаззатро пешкаш менамоянд, рангину хотирмон анҷом диҳед.
Ин танҳо чанд варианти хатсайрҳо тавассути чархбол дар Исроил мебошанд. Агар Шумо хоҳиши тамошои ҷойҳои таърихӣ ё шоҳкориҳои табиат дошта бошед, оиди он ба менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL) хабар диҳед. Мо хатсайри нотакрори инфиродиро бароятон ташкил менамоем, ки дар қалби ҳамаи мусофирон лаззати хотирмон мегузорад.