Иҷораи ҳавопаймои хусусӣ дар Исроил – таҷрибаи маъмул, аммо танҳо барои шахсони давлатманд. Сайёҳат бо ҷети инфиродии тиҷоратӣ – лаззати қимат, ки имконияти истифодаи онро танҳо шахсони давлатманду муваффақ, арбобони ҷамъиятӣ, ситораҳои ҷаҳонии шоу-бизнес, ширкатҳо ва корхонаҳои бонуфуз, доранду халос.
Дар мақолаи мазкур, мо дар бораи нархи иҷораи ҳавопаймои хусусӣ ва оиди сарфаи маблағи арзиши парвози маъмурӣ сухан меронем. Аввал иштибоҳи маъмул доир ба ақидаи харидории киштии ҳавоӣ беҳтар аз иҷораи ҳамарӯзаи онро рад мекунем. Дар мавриде, ки шахс ҷети инфиродиро на камтар аз ду – се маротиба дар як ҳафта истифода мебарад, мубрам маҳсуб меёбад, дар акси ҳол хариди он бесамар аст, чунки нигоҳдорӣ ва хизматрасонии он дар замин гаронтар аст нисбати парвози он дар само.
Агар соҳибмулк киштии ҳавоиро ба иҷора диҳад, ӯ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар аввал хароҷотҳои нигаҳдории ҳавопаймои шахсиро рӯпӯш намояд, чунки он дар як сол ба ҳисоби миёна сеяки арзиши киштии ҳавоиро дарбар мегирад, бино ба он иҷораи ҳавопаймо нисбат ба хариди он самаранок шуморида мешавад.
Ҳисоби арзиши хатсайр
Ширкатҳое, ки ҳавопаймоҳоро ба иҷора пешниҳод менамоянд, аз ҷумла AVIAV TM (Cofrance SARL), дар сомонаҳо нархномаи тайёри парвозҳои самтҳои мухталифро ҷойгир намекунанд. Чунки ҳисобу китоби ҳар як самт тариқи инфиродӣ анҷом дода мешавад. Маблағи ҷамъбастӣ аз бисёр омилҳо вобастагӣ дорад:
- масофаи парвоз,
- теъдоди мусофирон,
- иқтидор ва тамсилаи киштии ҳавоӣ, мӯҳлати истифодаи он,
- сатҳи ҳаловату фароғат дар канора,
- фармоиши хизматрасониҳои иловагӣ,
- вақти таваққуф дар фурудгоҳ,
- мавҷудияти фурудоиҳои фосилавӣ.
Бино ба он, ба менеҷер супориш диҳед ва ӯ фаврӣ ва беподош, бо назардошти имкониятҳои муфид, ҳисобу китоб менамояд.
Аммо бо вуҷуди хоҳиш, тартиби мустақилонаи ҳисоби арзиши хатсайри хусусӣ мавҷуд аст. Дар сомонаи AVIAV TM (Cofrance SARL) шакли нигаҳдории хатсайр, ки нархи иҷораи ҳавопайморо барои аксарияти фурудгоҳҳои ҷаҳон ҳисобу китоб мекунад, мавҷуд аст. Ҷойгир кардани макони оғози парвоз ва макони фурудоӣ, сана ва теъдоди мусофирон кофист, ки дар назари Шумо нархнома барои ҳавопаймоҳои иқтидору ғунҷоиаш гуногун пайдо мешавад. Ин маълумоти пешакӣ аст, маблағи аниқро менеҷери ширкат, баъди мусоҳибаи шахсӣ бо Шумо ва баррасии хусусиятҳои парвоз, хабар медиҳад.
Барои баъзе самтҳо, хусусан камёб ва мураккаб, ҳатто системаи мавҷуда ҳисобу китоби тайёрро пешкаш намекунад. Аммо имконияти мустақилона ҳисобу китоб кардан, вуҷуд дорад, агар масофа, суръати киштии ҳавоӣ, вақти парвоз, теъдоди мусофирон ва бағоҷро донед. Барои ҳисобу китоб соати парвозӣ ҳамчун воҳиди ҳисобӣ гирифта мешавад.
Арзиши як соати парвозӣ барои ҳавопаймоҳои сабук ва чархболҳо аз як ҳазору панҷсад то се ҳазор долларро ташкил медиҳад. Киштиҳои ҳавоии мазкур ба масофаи то як ҳазор километр, бо суръати на зиёда сесад километр дар як соат парвоз карда, барои ба канора гирифтани теъдоди начандон калони мусофирон ва бағоҷ, омода аст. Барои сайёҳат байни шаҳрҳои наздик ҷойгиршуда мувофиқ аст.
Аз ҳама барои иҷора маъмул, ҷетҳои тиҷоратӣ бо масофаи миёнаи парвоз маҳсуб меёбад: то шаш ҳазор километр. Онҳо бо суръати ҳашсад-нӯҳсад километр дар як соат парвоз карда, аз панҷ то панҷоҳ мусофирро ба канора мегирад ва ба хориҷа парвоз мекунад. Арзиши иҷораи чунин тамсилаи ҳавопаймо, вобаста аз иқтидор ва ғунҷоияш, барои як соати парвозӣ аз се ҳазор то шаш ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Ҷетҳои тиҷоратӣ бо парвоз ба масофаи дароз аз ҳама қимат аст. Онҳо масофаи зиёда аз даҳ ҳазор километрро тай карда, бо назардошти тамсила ба канораи худ аз даҳ то як саду бист нафар мусофиронро мегирад. Иҷораи чунин ҳавопаймо аз шаш ҳазор то ҳашт ҳазор евро барои як соати парвозиро ташкил медиҳад. Арзиши ҳавопаймои бузург ё киштии ҳавоии боркаш аз ҳашт ҳазор доллар барои шаст дақиқа дар само оғоз меёбад.
Сарфаи маблағ имконпазир аст?
Ин саволе, ки мизоҷони AVIAV TM (Cofrance SARL), ки бо нархҳои миёнаи хатсайрҳо шиносоӣ пайдо карда, ба мо медиҳанд. Ҷавоб мусбӣ аст: усули парвоз бо тахфифи аз сӣ то ҳафтод фоиз барои ҳавопаймои хусусӣ, баъзан бо нархи бизнес-класс, бо истифода аз системаи Empty Legs, мавҷуд аст.
Бо Empty Legs дар назар аст, ки ҳавопаймо бо хатсайри муайян дар вақти таъиншуда парвоз карда, омода аст ба канораи худ ҳамсафарҳоро гирад. Соҳиби киштии ҳавоӣ мехоҳад ақаллан қисми хароҷотҳои нигоҳдорӣ ва истифодабариро рӯпӯш кунад, бино ба он, парвозро бо тахфиф пешниҳод менамояд. Мизоҷон дар навбати худ аз имконияти истифодаи канораи киштии ҳавоии дорои имтиёзҳо хушҳол мегардад.
Аммо камбудии Empty Legs он аст, ки мувофиқати хоҳиши Шуморо тақозо мекунад: ҳавопаймо бояд бо ҳамон хатсайр ва ҳамон рӯзе, ки ба Шумо зарур аст парвоз намояд. Чунин хатсайрҳо ҳазорҳо дар як моҳ дар тамоми дунё анҷом дода мешавад, аммо ҳиссаи некбахтӣ зарур аст, ки толеъи Шумо баландӣ кунад. Имкониятҳо дар мавриде бештар мегарданд, ки агар Шумо санаи сафарро бо санаи парвози ҳавопаймо мувофиқат карда бошед.
Ҷадвали хатсайрҳои Empty Legs барои якчанд моҳи оянда дар сомонаи асосии ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ҷойгир карда шудааст. Шумо метавонед мустақилона ҷустуҷӯ кунед ё аз менеҷер бо хабар додани маълумот оиди хатсайр, теъдоди мусофирон ва санаи парвоз, хоҳиш намоед. Агар ҳавопаймои зарурӣ мавҷуд бошад, брокери ширкати ҳавоӣ дар иҷораи он бо тахфиф аз сӣ то ҳафтод фоиз кӯмак мерасонад.
Агар Шумо ба иҷораи ҳавопаймои хусусӣ дар Исроил таваҷҷӯҳ дошта бошед, AVIAV TM (Cofrance SARL) бо назардошти хоҳиши Шумо сайёҳатро «аз оғоз то интиҳо» ташкил менамояд. Авиатсияи хусусӣ, навобаста аз хатсайрҳои ширкатҳои ҳавоӣ, имконияти сайёҳати Шуморо ба ҳама кунҷу канори дунё ташкил менамояд. Ба менеҷер барои ҳисоби фаврии нархи хатсайр муроҷиат намоед.