Пурим

Хатсайри ҳавоии хусусӣ барои ҷашни идҳо дар Исроил

Аксарияти исроилиён дар ҳама кунҷу канори сайёра зиндагӣ мекунанд ва ба ватани худ танҳо вақти ҷашни идҳо боз мегарданд. Дар ҳамин вақт сайёҳон ҳам, ки барои омӯзиши анъанаҳои маҳаллӣ таваҷҷӯҳи хоса доранд, ташриф меоранд. Бо мақсади мазкур, сайёҳони давлатманд ҳавопаймоҳои хусусӣ тавассути брокери ширкати ҳавоии AVIAV TM (Cofrance SARL) ба иҷора мегиранд, ки саривақт ба ҷашнвора ҳозир шаванд. Кадом рӯзҳо барои Исроил аз ҳама зиёраткунанда мебошад?

Пурим

Пурим – иди динӣ, ки аз бисту ҳаштуми феврал то якуми март ҷашн гирифта мешавад. Ид бахшида ба наҷоти сокинони маҳаллӣ аз нестунобудшавӣ дар шоҳигарии Форс таҳти роҳбарии Амон мебошад. Ид аз ибодат дар каниса бо хондани китоби Эсфири оғоз ёфта, бо хушҳолӣ идома меёбад. Исроилиён шароб менӯшанд, мизи бошукӯҳро ороста, кулчаҳои махсуси «гоменташи» мепазанд ва намоишҳо доир ба мавзӯҳои инҷилӣ барпо мекунанд.

Пурим

Песах

Пасхаи исроилиён ё «Песах» – яке аз идҳои қадимтарин маҳсуб ёфта ба итмоми мазлумии мисрӣ бахшида шудааст. Ба хотири ҳодисаҳои мазкур сокинони маҳаллӣ нони қоқ – матса истеъмол мекунанд, ки фирориён баҳри наҷот ёфтан аз зулми фиръавн мехӯрданд. Дар ин рӯзҳо исроилиён оилавӣ ҷамъ шуда, бо пайвандон Агадаи Пасхавиро мехонанд, дар идома зиёфати тантанавии «седер» ташкил карда мешавад. «Песах»-ро ҳафт рӯз, аз сиюми март то шашуми апрел ҷашн мегиранд.

Пурим

Йом ха-Асмут

Йом ха-Асмут – ин Рӯзи истиқлолияти миллӣ буда, аз соли як ҳазору нӯҳсаду чиҳилу ҳашт ҷашн гирифта мешавад. Маҳз ҳамон рӯз Бен Гурион расман оиди таъсисёбии давлати Исроил эълон кард. Нуздаҳӯми апрел – рӯзи истироҳат ва сокинони маҳаллӣ барои ҷашни он ба мавзеи табиат сафар мекунанд. Дар ин рӯзи таърихӣ барои афрӯхтани оташ ва баргузории сайри саҳро иҷозат дода мешавад. Дар кишвар парадҳои ҳарбӣ, консертҳо ва рақсҳо барпо карда мешаванд. Ҷашнҳоро мушакпарронии боҳашамат хотима мебахшад.

Пурим

 

Шавуот

Боз як ид – Шавуот, санаҳои нуздаҳӯм – бистуми май дар кишвар ҷашн гирифта мешавад.

Иди зерин баҳри ҷашни нузули суҳуфҳои муқаддас ба Мусо-пайғамбар мебошад. Дар ин рӯзҳо руи миз асосан маҳсулоти ширӣ, санбӯсаҳо ва чалпакҳо, ба хотири яҳудиҳое, ки пас аз кӯҳи Синой фуруд омадан хӯрокҳои ширӣ истеъмол кардаанд, гузошта мешавад. Ҳамчун дигар идҳои динӣ, рӯзи мазкур бояд ақаллан қисман ба ибодат бахшида шавад.

Рош ха-Шана

 

Рош ха-Шана

Рош ха-Шана – ин Соли Нави маҳаллӣ маҳсуб ёфта, дар сентябр ё октябр ҷашн гирифта мешавад. Одатан, иди мазкур ду – се рӯзи истироҳатро дарбар мегирад. Сокинони маҳаллӣ дар ин рӯз бояд тамоми соли сипарӣ ва рафтору кирдори худро ба ёд оварда, нақшаҳои ояндаро фикру хаёл мекунанд. Бисёр муҳим аст, ки шиносон ва наздиконро табрик намоянд, хусусан онҳоро, ки ба Исроил омада натавонистанд. Ба дастархон моҳӣ, ҳамчун рамзи ҳосилхезӣ, сари гӯсфанд, ҳамчун рамзи сарварӣ, сабзавоту меваҳо барои ҳосили хуб, сабзии даврашакл буридашуда – нишони тангаҳои тиллоӣ, себҳо бо асал ва десерт барои ширин боқӣ мондани зиндагӣ, гузошта мешаванд.

Йом Киппур

Йом Киппур

Йом Киппур – иди динии хеле муҳим маҳсуб меёбад. Барои қайди он қаблан омадан зарур аст, чунки дар ин рӯз умуман ҳеҷ кор кардан мумкин нест. Дар ин рӯз танҳо дар бораи гуноҳҳои хеш фикру хаёл карда, бо ҳама оштӣ кардан лозим аст. Ягон хел ҷашнвора гузаронида намешавад, ҳатто бо телефон гап задан ҳам манъ аст. Радио, телевизион ва нақлиёти ҷамъиятӣ фаъолият намекунад. Тавба ва бахшиш – барои ин тамоми рӯзи нуздаҳӯми сентябр бахшида мешавад.

Суккот

 

Суккот

Суккот ё Иди шохсор аз понздаҳӯм рӯзи соли нав тибқи тақвими маҳаллӣ оғоз гардида, як ҳафта идома меёбад. Мисли яҳудиҳое, ки дар биёбони Синой гаштаанд, сокинони маҳаллӣ хонаҳои худро тарк карда дар хаймаҳои дар кӯча ҷойгиршуда зиндагӣ мекунанд. Онҳо расму оини «меъроҷи лулава»-ро мегузаронанд, ки ситоиш ва ҳамду сано ба чаҳор дарахт: мӯрд, нахли хурмо, маҷнунбед ва этрога, ки рамзи халқ аст, хонда мешавад.

Ханука

 

Ханука

Иди зебои Ханука аз дуюм то даҳуми декабр ҷашн гирифта мешавад. Тамоми ҳафта дар хонаҳо бахшида ба мӯъҷизае, ки дар замони ҷанг бо юнониҳо рух додааст, шамҳо афрӯхта мешаванд. Зимни ривоят баъди ташрифи Иегуда Макковей ба калисо, ғалаба ба даст омадааст. Дар калисо равғани нӯкча ҳамагӣ барои як рӯз боқӣ монда буд, аммо чароғҳо ҳашт рӯз фурӯзон буданд. Дар ин рӯзҳо ҳама ба кӯдакон тӯҳфаҳо медиҳанд.

Агар Шумо бо хатсайри ҳавоии хусусӣ барои ҷашни идҳо дар Исроил сафар кардан хоҳед, ба ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат намоед. Барои Шумо сайёҳат бо хатсайри мустақим дар санаи таъиншуда ва бо миқдори зарурии мусофирон ташкил карда мешавад ва итминон дошта бошед, ки ба вохӯриҳои ба нақша гирифташуда ва чорабиниҳо саривақт мерасед.

 

WildWeb

Top.Mail.Ru Яндекс.Метрика