Медицинские авиаперевозки в Израиле

Интиқоли ҳавоии тиббӣ дар Исроил

Аксарият шахсони давлатманд барои муолиҷа ба Исроил сафар мекунанд. Нархҳо дар ин ҷо нисбат ба Аврупо ду-се маротиба арзон буда, сифати табобат ҳатто тадриҷан баланд аст. Беморхонаҳои пешқадами кишвар ҳамеша дар ҷойҳои аввали рейтинги ҷаҳонӣ қарор доранд. Дар ин ҷо муолиҷаи саратон самаранок роҳандозӣ шудааст: солҳои охир миқдори беморони саратон 20% (бист фоиз) кам шудааст. Нейроҷарроҳӣ ва ҳамлбардории сунъӣ (ЭКО), касалиҳои узвҳои роҳи нафас, узвҳои такягоҳию ҳаракат, касалиҳои пӯст талаботи рӯзафзун дорад.

Дар баъзе беморхонаҳои Исроил бо забони русӣ ҳарф мезананд, ки барои беморон бисёр муҳим аст. Дар ин ҷо махфият риоя мегардад: ягон нафар оиди мариз, беморӣ ва санаи муолиҷаи ӯ маълумоте дарёфт карда наметавонад. Ба ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) муяссар гардидааст, ки тавассути интиқоли тиббӣ дар Исроил аз Россия ва кишварҳои аврупоӣ шахсони машҳур, ки номи онҳоро тамоми ҷаҳон медонад, барои табобат ба Исроил оварда бошад.

 

Аксари хориҷиён барои табобат дар санаторию осоишгоҳҳо ва эҳё ба ин ҷо сафар мекунанд. Барои ин кор, иқлими форами кишвар дар ҳама фасли сол имконият медиҳад. Обҳои шифобахши чаҳор баҳр барои беҳтар намудани вазъи саломатӣ бо вуҷуди ҳамагуна бемориҳо мусоидат менамояд. Табибони Исроил аз рӯи ихтисос дувоздаҳ сол таҳсил мекунанд, барои такмили ихтисос ба кишварҳои пешқадами дунё сафар мекунанд, мунтазам аз аттестатсия оиди бархурдорӣ аз усулҳои муосир мегузаранд, инчунин, доир ба натиҷаҳои фаъолияти хеш ба дӯши худ ҷавобгарии ҷиноии шахсиро доранд.

Ба беморхона тавассути чархбол

Аксарияти беморхонаҳо дар Исроил соҳиби майдончаи чархболӣ ҳастанд: госпитали «Ихилов», маркази «Сураски», беморхонаи Исхак Рабин. Ин муассисаҳои бисёрҷанба, ки аз ҷумла ба маризони хориҷӣ ёрии тиббӣ мерасонанд. Онҳо соҳиби шӯъбаҳои муолиҷаи осебҳои варзишӣ ва гузаронидани артроскопия, эҳёи беморон бо касали узвҳои дилураг, табобати касалиҳои пӯст, ҷарроҳии дил, ки ҳазорҳо амалиётҳои мухталиф, аз ивази қапқоқи дил то шунткунонӣ анҷом дода мешавад.

Чархболҳои тиббӣ дар Исроил имконият доранд маризонро дар ҳолати хурӯҷи касалӣ, таъҷилан ва бо хавфи камтарин ба саломатӣ ба беморхона расонанд. Чунин киштиҳои ҳавоӣ дар канораи худ дорои ҳуҷраи эҳёӣ бо таҷҳизот, ки фаъолияти узвҳои ҳаётан муҳими беморро таъмин мекунад, муҷаҳаз шудаанд, дар само амалиётҳои ҷарроҳӣ гузаронида мешаванд ва кӯмаки таъҷилии тиббӣ расонида мешавад. Чунин хатсайрҳо ҳамеша бо мушоиати духтур парвоз мекунад.

Медицинские авиаперевозки в Израиле

Хатсайрҳои масофааш дароз

Аксарият барои интиқоли бемор на чархбол, балки ҳавопаймои тиббӣ зарур аст, агар аз дигар шаҳр ё кишвар ба беморхонаи муайян парвоз карда истода бошад. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) бо ташкили хатсайрҳои гуногун ва мураккаб машғул аст, ширкат дар Исроил аз соли 2010 (ду ҳазору даҳ) чунин таҷрибаро дорад.

Дар ҳолати зарурӣ имконияти пайдарҳамии парвози хатсайрҳо тавассути якчанд киштиҳои ҳавоӣ вуҷуд дорад: интиқоли бемор ба Тел-Авив тавассути ҳавопаймо, сипас идомаи интиқол тавассути чархбол.

Чӣ гуна хатсайри тиббиро дар Исроил бояд фармоиш дод

Агар Шумо хоҳиши фармоиши хатсайри тиббӣ дар Исроил дошта бошед, дархостро дар сомона ҷойгир кунед, дар ҳолатҳои таъҷилӣ бо менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL) мустақим дар тамос шуда, маълумоти зеринро пешниҳод намоед:

  • макони оғоз ва интиҳои интиқол,
  • маълумот дар бораи бемор (синну сол, ташхис, ҳолат),
  • сана ва вақти интиқол,
  • зарурияти муошиати мутахассисони соҳавӣ,
  • мушоиати пайвандони бемор.

Намояндаи ширкат арзиши парвозро ҳисоб намуда, хусусиятҳои онро бо Шумо мувофиқа мекунад. Дар ҳолатҳои таъҷилӣ киштии ҳавоӣ фавран парвоз менамояд.

AVIAV TM (Cofrance SARL) «аз оғоз то интиҳо» парвозро ташкил менамояд:

  • барои муайян намудани беморхона кӯмак мерасонем,
  • шартномаи хизматрасонии тиббиро ба имзо мерасонем,
  • то фурудгоҳ ё майдончаи чархболӣ нақлиётро пешкаш менамоем,
  • духтури соҳавӣ ва гурӯҳи санитариро киро мекунем,
  • раводид, суғурта ва дигар ҳуҷҷатҳоро барасмият медарорем,
  • шахсони мушоиаткунандаро бо ҷойи зист таъмин менамоем,
  • дигар масъалаҳои мавҷударо ҳал мекунем.

Медицинские авиаперевозки в Израиле

Мо чунин фаъолият мекунем

Мо киштиҳои муосири бехатарро аз истеҳсолкунандагони пешсафи ҷаҳонӣ пешниҳод менамоем, ҳавопаймоҳои Bombardier, Embraer, Sukhoi Superjet, Pilatus,  Fokker, Saab, Cessna,  Dassault Aviation, Gulfstream, Beechcraft, чархболҳои Robinson, Ми, Airbus Eurocopter, Вell, Sikorsky, Agusta. Ҳамаи тамсилаҳо бо дастгоҳҳои махсус барои интиқоли беморон ва расонидани ёрии тиббӣ муҷаҳаз гардонида шудаанд, ки бемори дар ҳолати вазнин қарор доштаро бехатар ва ором интиқол медиҳад.

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ҳам бо шахсони воқеӣ, ҳам бо ташкилотҳо ҳамкорӣ мекунад. Мо ба марказҳои тиббӣ чархболҳоро барои интиқоли якбора ё иҷораи дарозмӯҳлат пешкаш менамоем, барои фармоишгарони доимӣ, ки хоҳиши гирифтани муолиҷа дар Исроил доранд, интиқоли санитариро аз хориҷа ташкил менамоем.

 

 

Киштиҳои ҳавоии тиббӣ дар Исроил дар ҳар хел ҳолат зарур мешаванд, аз ҳама ҳолатҳои маъмул инҳо мебошанд:

  • амалиётҳои наҷотдиҳӣ,
  • эвакуатсияи осебдидагон аз минтақаи офатзада,
  • баровардани маҷрӯҳон аз майдони ҷанг,
  • интиқоли нақшавии бемор ба макони муолиҷа,
  • интиқоли бемор барои эҳё ба осоишгоҳҳо ва санаторияҳо,
  • интиқоли ҳомиладорон дар мӯҳлати зоиш ё модарон бо кӯдакони ширхор,
  • сайёҳати маъюбон ё пиронсолон ба осоишгоҳ ё зиёрат.

Дар ҳолатҳои охирин киштии махсуси ҳавоӣ зарурат надорад, аммо хатсайр тиббӣ боқӣ мемонад, чунки ҳавопаймои хусусӣ ё чархбол бо мушоиати духтури соҳавӣ парвоз мекунад.

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) фармоиши хатсайрҳои тиббиро шабонарӯзӣ қабул менамоянд. Агар ба Шумо ҳавопаймои санитарӣ дар Исроил зарур бошад, ба ширкати мо муроҷиат намоед. Мо сайёҳатро «аз оғоз то интиҳо» ташкил карда, барои гирифтани муолиҷаи муосири босифат кӯмак мерасонем.

 

WildWeb

Top.Mail.Ru Яндекс.Метрика