Аз Эйлат то фурудгоҳи Бен-Гурион чӣ тавр бояд расид?

Аз нуқтаи назари иқтисодиёт, давлати Исроил яке аз кишварҳои пешрафтаи Шарқи Наздик маҳсуб меёбад. Ин, дар навбати худ, ба ҳукумати давлати мазкур имконияти мунтазам инкишоф додани соҳаи сайёҳӣ ва рушди сохтори таркибӣ ва дохилии иқтисодиёти Исроилро фароҳам овардааст. Қобили қайд аст, ки ҳолати зерин аз давраи ҷанг боқӣ мондааст.

Израильский авиационный парк предлагает к услугам туристов и бизнесменов частные реактивные самолеты.

Фурудгоҳи Эйлат яке аз фурудгоҳҳои асосии Исроил маҳсуб меёбад. Ба ин фурудгоҳ миқдори зиёди ширкатҳои ҳавоии дунё бо хатсайрҳои хеш парвоз менамоянд. Аксарияти сайёҳон таваҷҷӯҳи он, ки чӣ тавр бояд аз Эйлат то фурудгоҳи Бен-Гурион рафта расид. Чанд намуди он мавҷуд аст. Намудҳои асосии онро дида мебароем.

Аз ҳама боэътимодтарин ва дар навбати худ оддитарин роҳ расидан аз шаҳри Эйлат ба фурудгоҳи Бен Гурион ин парвоз бо ҳавопаймо мебошад. Дар ин ҳолат ба Шумо зарурияти ба ягон ҷой рафтан нест. Ба Шумо кофист, ки фақат чиптаи ҳавопайморо харидорӣ намоед. Фурудгоҳи Эйлат қариби маркази шаҳр ҷойгир шудааст. Яке аз хусусиятҳои асосӣ аз он иборат аст, ки чиптаро қаблан бояд дастрас намуд.

Дар давоми як шабонарӯз ҳамагӣ ду киштии ҳавоӣ бо панҷ хатсайр парвоз мекунанд. Аз эҳтимол дур нест, ки интизории ҳавопаймо аз сайёҳон вақти зиёдро талаб мекунад. Нархи чиптаи ҳавопаймо тақрибан шаст долларро ташкил медиҳад.

 

Тарзи дигар – ин Шаттл аст. Аммо он аз рӯи ҷадвали муқарраршуда рафтуомад мекунад. Чиптаро ба шатл лозим аст, ки бояд пешакӣ брон кард. Ин корро метавон дар шабакаи интернетии eilatshuttle.com ба анҷом расонд. Барои як нафар шахс нархи саёҳат дар шатл тақрибан сиву панҷ долларро ташкил медиҳад. Бо сабаби он, ки чунин намуди нақлиёт кам аст, ин шакли рафтан аз шаҳри Эйлат то фурудгоҳи Бен-Гурион барои ҳама мувофиқат намекунад. Чунки, ки мехоҳад дар фурудгоҳ панҷ соат нишинад.

Аз ҳама роҳи арзонтарин, сафар кардан бо автобус аст. Ба ҳисоби миёна нархи чипта тақрибан бист долларро ташкил медиҳад. Ҳамаи автобусҳо дорои шароити хубу боҳаловат мебошанд. Ҷадвалаш хеле оддӣ ва мунтазам аст. Автобусҳо аз соати нӯҳи саҳар оғоз карда, ҳар панҷ дақиқа равона мешаванд. Ҳамин тавр, ба сайёҳон вақт боқӣ мемонад, барои гирифтани бор, истеъмоли ғизо, қазои ҳоҷат, харидории ҳар гуна тӯҳфаҳои хотиравӣ аз Исроил ва боз метавон камтар истироҳат кард. Бисёр хуб аст, ки аксарияти ронандаҳои автобус бо забони русӣ озодона сухан меронанд, ҳамин тавр онҳо метавонанд ба саволҳои сайёҳон ҷавоб диҳанд ва ҷойҳои таърихиро нишон диҳанд. Ғайр аз арзиши на чандон баланд усули мазкур, норасоиҳои муайянро дорад. Масалан, саёҳат ба тариқи автобус аз шаҳри Эйлат то фурудгоҳи Бен-Гурион- бо Шаттл хеле дуридароз ва дилгиркунанда мебошад.

Аксарияти сайёҳон барои аз шаҳри Эйлат то фурудгоҳи Бен-Гурион расидан, такси фармоиш медиҳанд ё ба воситаи нақлиёти худ мераванд. Аммо ин корро бояд пешакӣ кард. Нархи сафар барои як нафар тақрибан дусад доллар мебошад, агар сафари муқаррарӣ бошад, агар сафари vip бошад, аз сесаду панҷоҳ то чорсад долларро ташкил медиҳад.

Роҳи охирон- иҷора гирифтани нақлиёт мебошад. Аммо ин роҳ на ҳама вақт қулай аст. Нархи сӯзишвории нақлиётӣ дар Исроил хеле баланд мебошад. Аз як доллар то якуним долларро ташкил медиҳад. Аммо норасогии мазкурро инфрасохтори инкишофёфтаи роҳҳои кишвар рӯпӯш мекунад.

Аз Эйлата то фурудгоҳи Бен-Гурион чи қадар масофаро бояд тай кард?

Аз Эйлата то фурудгоҳи Бен-Гурион тақрибан дусаду ҳафтоду нӯҳ километрро ташкил медиҳад.

Аз Эйлат то фурудгоҳи Бен-Гурион чи қадар бояд рафт?
Агар аз шаҳри Эйлат то фурудгоҳ бо ном Бен –Гурион ба тариқи ҳавопаймо парвоз кунед, он гоҳ се соат сарф мешавад. Агар ба воситаи автобус он вақт панҷ соат. Ба воситаи қатораи барқӣ бошад, он гоҳ дуюним соатро ташкил медиҳад.

 

WildWeb

Top.Mail.Ru Яндекс.Метрика