Чархбол дар Исроил зарур аст? Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) нисбат ба миёнаравҳо киштии ҳавоиро бо нархи 30% (сӣ фоиз)арзонтар пешниҳод менамояд. Брокери ҳавоӣ буда, фирма бо нархи соҳибони фурудгоҳҳо ва чархболҳо, бе замми маблағхои иловагии хизматрасонӣ парвози Шуморо ташкил мекунад.
Аксарият дар фикри он ҳастанд, ки чархболҳо дар Исроил асосан бо мақсадҳои ҳарбӣ истифода бурда мешаванд. Аммо ин тавр не. Киштиҳои ҳавоиро ташкилотҳои давлатию хусусӣ, беморхонаҳо, хадамотҳои наҷотдиҳӣ, оташфишонӣ харидорӣ намуда, дар ҳалли масъалаҳои мухталиф кӯмак мерасонанд.
Брокери ҳавоии AVIAV TM (Cofrance SARL) омода аст чархболҳоро барои мақсадҳои зерин пешниҳод намояд:
- парвози байни шаҳрҳо (масофа то як ҳазор км),
- сайёҳат дар само,
- интиқоли сайёҳон ба осоишгоҳҳо,
- нозирии баҳрӣ,
- амалиётҳои надиҳӣ,
- интиқоли борҳо,
- хатсайрҳои тиббӣ,
- мушоҳидаи иншоотҳо,
- банаворгирии барномаҳои телевизионӣ,
- фурудоӣ дар мавзеҳои дастнорас (болои кӯҳҳо, болои ях, киштии баҳрӣ, боми бино),
- азназаргузаронии молу мулки ғайриманқул,
- гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ,
- корҳои кишоварзӣ ва сохтмонӣ,
- парвозҳои корӣ ва сафарҳои хизматӣ,
- гузаронидани ҷашнҳо дар само (туй, рӯзи мавлуд, корпоратив),
- парвозҳои машқӣ ва ҷаҳиш бо парашют,
- санҷишҳои хадамоти аэронавигатсионӣ,
- аксияҳои рекламавӣ,
- дигар мақсадҳои муҳим.
AVIAV TM (Cofrance SARL) аз оғоз то интиҳо парвозро ташкил мекунад:
- интиқол то майдончаи парвози чархбол,
- таъмини мушоиати роҳбалад ё мутахассиси зарурӣ,
- таъмини хӯрока дар парвоз,
- ташкили чорабинии зарурӣ,
- барои ҳар як мусофир парвозро боҳаловат ташкил менамоем.
Дар ихтиёри AVIAV TM (Cofrance SARL) чархболҳо дар Исроил барои ҳамаи ҳолатҳо мавҷуданд. Тамсилаҳо аз истеҳсолкунандагони бонуфуз ва машҳур: Robinson, Ми, Airbus Eurocopter, Вell, Sikorsky, Agusta, Lycoming, Enstrom, RotorWay Exec, McDonnel-Douglas. Вобаста аз таъинот, онҳо бо асбобу дастгоҳи зарурӣ муҷаҳаз гардонида шуда, бо тақозои мақсадҳои парвоз бо хизматрасониҳои иловагӣ ва таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд.
Чӣ тавр чархболро дар Исроил бояд фармоиш дод
Барои фармоиши чархбол дар Исроил сабти дархост дар сомонаи мазкур кифоя аст. Маълумоти зеринро ирсол намоед:
— хатсайр,
— теъдоди мусофирон,
— мақсади сафар,
— вазн ва ҳаҷми тахминии бағоҷ,
— тамсилаи киштии ҳавоӣ, агар Шумо интихоб кунед,
— хоҳишҳо барои парвоз,
— хизматрасониҳои иловагӣ.
Менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL) бо Шумо дар тамос шуда бароятон нархи хатсайрро хабар медиҳад. Дар вақти таъиншуда чархбол барои парвоз омода мегардад.
Афзалиятҳои чархболҳо
- Чархбол бо хатсайри мустақим бо суръати сесад км/соат парвоз менамояд, дар ҳолате, ки нақлиёти сабукрав роҳҳои каҷу килебро давр зада, дар чароғакҳои роҳнамо ва дар тамба таваққуф мекунад. Ба ҳисоби миёна киштии ҳавоӣ нисбат ба нақлиёти сабукрав се – панҷ маротиба босуръат мебошад. Чархболҳо метавонанд бе таъминоти иловагии сӯзишворӣ то як ҳазор километрро тай намоянд.
- Нисбат ба ҳавопаймоҳо, чархбол ба хати парвозу фурудоӣ ниёз надорад, он метавонад натанҳо аз фурудгоҳ, балки аз ҳама гуна майдончаи махсус ва дар ҳолатҳои фавқулодда, ба мақоли халқӣ аз «соф саҳро» парвоз кунад. Ин тадриҷан ҷуғрофияи парвоз ва имкониятҳои истифодаи чархболро васеъ мегардонад.
- Чархболҳои муосир дар канори худ вақте, ки хоса сухан дар бораи тамсилаҳои VIP меравад, дорои сатҳи баланди хизматрасонӣ ва боҳаловат мебошанд. Онҳо бо дастгоҳи муосири маҳви овоз, курсиҳои эргономикӣ, системаи мултимедиа ва вақтхушӣ, назорати ҳарорат ва равшандиҳӣ, равзанаҳои наззоравӣ ва дигар чизҳои муфид муҷаҳаз гардонида шудаанд.
- Сайёҳат тавассути чархбол – ин натанҳо имконияти ба зудӣ расидан ба макони таъиншуда, балки эҳсосоти дилангез аз тамошои манзараҳои зебо ва ҷолиб, бино ба ин, аксар вақт парвозро ҳамчун тӯҳфа ё илова ба ҷашн фармоиш медиҳанд.
- Фармоиши чархбол дар Исроил аз AVIAV TM (Cofrance SARL) – ин амали муқаррарӣ, ки ҳамагӣ чанд дақиқаро дарбар мегирад. Иҷораи чархбол нисбат ба иҷораи ҳавопаймо тадриҷан арзонтар аст.
Хариди чархбол
Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) натанҳо бо иҷора, балки бо фурӯши киштиҳои ҳавоӣ машғул аст. Агар Шумо хоҳиши хариди чархбол дар Исроил дошта бошед, мо барои интихоби тамсилаи зарурӣ, ки ба мақсадҳои Шумо мувофиқ аст кӯмак мерасонем, ба кишвари Шумо меорем, санҷишҳои назоратии онро мегузаронем, шартномаи хариду фурӯшро «аз оғоз то интиҳо» анҷом медиҳем, оиди нигаҳдорӣ ва истифодаи чархбол чораҳои зарурӣ меандешем.
Барои хариди чархбол дар Исроил ташкилот будан ҳатмӣ нест: мо ҳам бо ширкатҳо, ҳам бо шахсони инфиродӣ ҳамкорӣ менамоем. Ҳамин тавр, хариди киштии ҳавоӣ ҳам барои истифодаи шахсӣ, ҳам барои пеш бурдани тиҷорат, ҳам барои дигар мақсадҳо бисёр содда аст.
Қатъи назар аз хоҳиши Шумо дар бобати чархболҳо, брокери ширкати ҳавоии AVIAV TM (Cofrance SARL) аз ҳамкорӣ бо Шумо хушнуд аст. Дар вақти ба Шумо қулай бо мо дар тамос шавед ва ба саволҳои худ посухи мушаххас гиред. Авиатсияи хусусӣ дар хизмати Шумо!