Тель-Авив

Фурудгоҳҳои Исроил

Исроил – кишвари беназир, ки дар якҷоягӣ зиёда аз даҳ минтақаҳои иқлимиро иборат буда, истироҳати тамоми сол давомкунанда дар пляж, макони муқадассоти се дини ҷаҳонӣ ва марказҳои пешқадами тиббиро дарбар мегирад. Маҳз барои ҳамин ҳам меҳмонон аз тамоми дунё – барои зиёрат, табобат, вохӯриҳои корӣ ва истироҳат ба ин ҷо сафар мекунанд. Аксарияти онҳо тавассути ҳавопаймоҳо ташриф меоранд ва шиносоии онҳо бо кишвар аз фурудгоҳ оғоз мегардад. Дар мақолаи зерин оиди онҳо сӯҳбат мекунем.

Ҳамагӣ ҳабдаҳ фурудгоҳ дар шаҳрҳои Исроил: Тел-Авив, Негев, Хайфа, Эйлат, Беер-Шева, Герслия, Иерусалим, Рош-Пинна, Афула, Кирят-Шмона – дар қатори онҳо пойгоҳҳои ҳарбӣ ва кишоварзӣ вуҷуд доранд, ки хатсайрҳои мусофиркашро пешкаш намекунанд. Мақоми байналмилалиро танҳо чаҳор бандарҳои ҳавоӣ, ки дар чаҳор шаҳри аввалин ҷойгир шудаанд, соҳиб ҳастанд.

Тел-Авив

Фурудгоҳи асосии Исроил «Бен Гурион» дар масофаи понздаҳ километр аз Тел-Авив ҷойгир аст. Ин бандари бузургтарини ҳавоии кишвар ва аз ҳама боҳаловат маҳсуб меёбад. Дар ин ҷо ширкатҳои ватанӣ: Arkia, El Al, Israir фаъолият мекунанд.

Дар бандари ҳавоӣ чаҳор терминал, ки мобаёни онҳо шаттлҳо рафтуо мекунанд. Дар ин ҷо, барои мусофирон ҳама шароити фароҳам ва хизматрасониҳои зерин пешниҳод мегардад: Wi-Fi, мағозаи фурӯши бебоҷ, телетрапҳо, тарабхона ва кафе, иҷораи нақлиёти сабукрав, банкоматҳо, ҳуҷраи модар ва кӯдак, бунгоҳи ёрии тиббӣ, банду басти бағоҷ.

Баҳри таъмини сатҳи баланди бехатарӣ азназаргузаронӣ бисёр ҷиддӣ буда, қабл аз оғози парвоз ба фурудгоҳ бояд ҳозир шуд. Агар дар ҷараёни санҷиш ягон шубҳае пайдо шавад, мусофирро боздошт намуда ӯро ба хатсайр роҳ намедиҳанд. Шахсоне, ки бо ҳавопаймоҳои аз ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ба иҷора гирифта шуда, парвоз мекунанд, азназаргузаронии мазкурро дар толори инфиродӣ барои меҳмонони VIP дар як лаҳзаи кӯтоҳтарин мегузаранд.

Фурудгоҳи дуюми Тел-Авив дар масофаи чаҳор километр аз «Бен Гуриона» ҷойгир буда, «Сде-Дов» номгузорӣ шудааст. Хати парвозию фурудоии он дар канори баҳр ҷойгир аст. Ин бандари кучаки ҳавоӣ мебошад, ки ширкатҳои ҳавоии Arkia Israel Airlines, Tamar Airways, Israir фаъолият мекунанд. Аз ин ҷо миқдори зиёди хатсайрҳои чартерӣ, аз ҷумла дар AVIAV TM (Cofrance SARL) харидорӣ шуда, анҷом дода мешавад

Эйлат и Увда

Эйлат ва Увда

Ба Эйлат ду фурудгоҳ, яке бо ном «Увда» таалуқ дорад. Маҳз ба ҳамин ҷо аксарияти сайёҳон барои истироҳат ташриф меоранд, чунки осоишгоҳҳои маъруфи Исроил дар ҳамин мавзеъ ҷойгир шудаанд. Масофа то шаҳр шаст километрро дарбар мегирад, ки онро ба осонӣ тавассути такси ё автобус тай кардан мумкин аст. Бандари ҳавоии мазкур байналмилалӣ мебошад: аз ин ҷо ба кишварҳои Африқо, Аврупо ва Осиё парвоз кардан имконпазир аст, ба самтҳои дигар метавонед тавассути иҷораи ҳавопаймои хусусӣ аз ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ба осонӣ сафар намоед.

Фурудгоҳи дуюм «Эйлат» ном дорад. Аммо бо сабаби хурдии хати парвозу фурудоӣ танҳо киштиҳои ҳавоии майдаро қабул карда метавонад. Аз ин ҷо парвозҳои дохилӣ анҷом дода мешаванд, хоса хатсайрҳо ба самти Тел-Авив ва Хайфа.

Хайфа

Хайфа

Боз як фурудгоҳи бузурги байналмилалӣ ба номи Ури Михаэл дар канори шаҳри Хайфа ҷойгир аст. Аз ин ҷо миқдори ками хатсайрҳо, асосан ба шаҳрҳои Туркия, Ӯрдун, Кипр ва дохили Исроил парвоз мекунанд. Аз ин ҷо ба самти Россия парвозҳо пешбинӣ нашудаанд. Ширкатҳои ҳавоии Israir и Arkia дар ин ҷо фаъолият доранд.

Дар фурудгоҳ шароити ба мусофирон зарурӣ вуҷуд дорад: макони бақайдгирӣ, толори интизорӣ, банду басти бағоҷ, хуҷраи нигаҳдории бағоҷ, нуқтаҳои хӯрока, интернети бе сим, таваққуфгоҳ барои нақлиёти сабукрав. Тавассути такси, автобус ё нақлиёти хатсайрӣ ба осонӣ то шаҳр расида мешавад.

Аз Россия аксарияти ширкатҳои ҳавоӣ хатсайрҳоро то «Бен Гурион» анҷом медиҳанд. Ба ин ҷо «Аэрофлот», «Россия», El Al ва дигар интиқолдиҳандагони ҳавоӣ аз Москав, аз Екатеринбург тавассути «болу пари» Ural Airlines, аз Краснодар ширкати Kuban Airlines хизматрасонӣ мекунанд. На камтар аз он ҳавопаймоҳо ба Увду парвоз мекунанд, аз ҷумла, канораҳои ширкатҳои «Вим-Авиа» ва «ИсраЭйр» мебошанд.

Хатсайри инфиродӣ дар самти зарурӣ

Ба самтҳои мавҷуд набуда, тавассути брокери ширкати ҳавоии AVIAV TM (Cofrance SARL) имконияти иҷораи ҳавопаймои хусусӣ дар Исроил ҳаст, ки ҳам аз Россия, ҳам аз кишварҳои мухталифи дунё парвоз кардан мумкин мебошад. Парвози боҳаловат бо чашидани афзалиятҳои канораи инфиродӣ дар хатсайри мустақим – ин на танҳо сарфаи вақт, балки эҳсоси кайфияти зиёд аст.

======

Дар Исроил боз якчанд фурудгоҳҳо барои парвозҳои дохилӣ мавҷуд ҳастанд. Ин бандарҳои ҳавоии шаҳрҳои: Беэр-Шева, Кирят-Шмона, Масада, Йотвата, Миспе-Рамон, Рош-Пинна, Эйн-Яхав мебошанд. Ба туфайли фаъолияти AVIAV TM (Cofrance SARL) метавонед натанҳо ҳавопаймоҳои хусусӣ, балки чархболҳоро ҳам барои сайёҳати инфиродӣ ба самти дилхоҳи дунё фармоиш диҳед.

 

WildWeb

Top.Mail.Ru Яндекс.Метрика